Вобаста ба нақши воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷаҳонишавӣ конференсияи илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Зимни конференсия иброз гардид, ки дар ҷомеаи демократӣ матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа буда, нақши он барои расонидани иттилооти воқеӣ, раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад.
Инчунин дар раванди ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии воситаҳои ахбори омма баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ ва рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии халқи тоҷик мебошад.
Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба масъалаи мавриди назар аз он дидгоҳ наздик мешаванд, ки маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими фаъолияти давлат, сиёсати ҳуқуқии мамлакат ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, ба пойдор гардидани тартибот ва адолат мусоидат намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамоянд. Дуруст аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ба падидаи давлати ҳуқуқбунёд, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва адолати иҷтимоӣ алоқаманд аст.
Матбуот ҳамчун инъикосгари манфиатҳои давлат бояд байни ҷомеаи шаҳрвандиву ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа восита бошад, чунки он ба ҳайси оинаи миллат дар баррасиву муаррифии тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад.
Иштирокчиёни конференсия дар мавзуи «Доир ба баъзе вижагиҳои публитсистикаи тоҷик дар замони истиқлол», «Тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вижагиҳои публитсистикаи китобии Хатлон» ибрози назар намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






