23 МАЙ-РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҷавонони тоҷик дар пешрафти илму техника ва ихтироъкорию навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд

Май 23, 2025 08:29

ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин рӯз ба хотири эҳтиром ва қадршиносии нақши босазои ҷавонон дар ҷомеа ва ташаккули давлатдории муосир ҷашн гирифта мешавад. Зеро нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонони имрӯза соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника ва ихтироъкорию навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки насли ҷавон донишманду босавод, соҳиби касбу ҳунар ва соҳибмаърифату тарбиядида ба камол расонида шавад. Ҳадаф аз баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон дар ойинаи таърих» ва олимпиадаю озмунҳои гуногун баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.

Яке аз чунин ҷавонони фаъол иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», донишҷӯйи курси дуюми факултети муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус-Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Наврӯзшоҳ Камолзода мебошад, ки ихтирои худро ба озмун пешниҳод намуда, сазовори баҳои баланд гардид.

Наврӯзшоҳ новобаста ба ҷавонияш аллакай дар чандин озмунҳои сатҳи баланд иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Соли 2024 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок намуда, дар даври ҷумҳуриявии озмун соҳиби нишони «Илм ва инноватсия» ва Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардид. Инчунин соли 2024 дар озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон» ки аз тарафи парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ гузаронида шуд, сазовори ҷойи 1-ум гардид.

Наврӯзшоҳ Камолзода соли 2024 бо ихтирои «Хомӯшкунандаи лаппиши чандирии навъи рессорӣ» аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби нахустпатент ва шаҳодатномаи муаллифӣ ба ихтироот гардид.

Дар озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» ихтирои худро таҳти унвони «Платформаи тасмачархи бисёрфунксионалӣ ва универсалии камандоза» пешниҳод намуд. Ин ихтироъ дастоварди назаррас дар соҳаи техникаи мобилӣ ва робототехника ба ҳисоб меравад. Тавре ӯ иброз намуд, ин ихтироъ барои иҷрои вазифаҳои гуногун дар муҳити ноҳамвор, ҷойҳои дастнорас ва шароити вазнин ҳам дар соҳаҳои гражданӣ ва ҳам низомӣ аҳамияти бузург дорад.

Платформа дорои сохтори чаҳорчӯбаи сабук, вале мустаҳкам буда, бо истифода аз механизмҳои ҳаракати тасмачарх қобилияти ҳаракат дар замини ноҳамвор, санглоху ботлоқзор ва ҳатто маконҳои мураккабро таъмин мекунад.

Ихтироъ дорои сатҳи баланди навоварӣ буда, дар муқоиса бо намудҳои монанди мавҷудааш бартариҳои назаррасро пешниҳод менамояд. Масалан, насби манипуляторҳо, сенсорҳои мукаммал, камераҳои назоратӣ ё асбобҳои махсус барои амалиёти наҷотдиҳӣ ва геологӣ.

Истифодаи «Платформаи тасмачархи бисёрфунксионалӣ ва универсалии камандоза» метавонад хароҷоти амалиётӣ ва неруи кориро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Масалан, дар соҳаи кишоварзӣ ин платформа метавонад барои киштукор, коркарди замин ё ҷамъоварии ҳосил истифода шавад, ки бе зарурати истифодаи техникаи калонҳаҷм самаранокии истеҳсолотро зиёд менамояд.

Дар соҳаи сохтмон ва наҷотдиҳӣ платформа метавонад ҳамчун воситаи кашондани бор, таҷҳизот ё кумак дар рафъи офатҳои табиӣ истифода шавад. Инчунин барои амалиёти ҳарбӣ платформа метавонад барои интиқоли таҷҳизот, мониторинги минтақа ва ҳатто иҷрои вазифаҳои кашфиётӣ хизмат кунад.

Ҷавони дигар донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шамсиддин Соҳибназарзода мебошад, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фуурӯғи маърифат» сазовори ҷойи сеюм гардид. Ин ҷавони навовар нақлиёти бисёрвазифавӣ ихтироъ намуд, ки он метавонад дар об, замин ва ҳаво ҳаракат намояд.

Ихтирои ӯ «Аэроамфибия» номгузорӣ шуда, дар заминаи лоиҳа бо мақсади расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба назар гирифта шудааст. Ҳангоми ҳолатҳои заминҷунбӣ, селхезӣ ва дигар ҳодисаҳои табиат бештар вақт автомобилу қаиқҳои мотордор ва чархболҳо барои расонидани ёрии таъҷилӣ ва фаврӣ талаб карда мешаванд.

«Вобаста ба ин талабот мо ба хулосае омадем, ки ин се намуд техникаи муосирро дар ҳамгироӣ бо якдигар дар намуди лоиҳа пешниҳод намоем, яъне мошинаи парвозкунанда, шинокунанда дар муҳити об ва ҳаракаткунанда дар сатҳи замин (роҳҳои автомобилгард). Дар лоиҳа муҳаррикҳои муосири барқӣ барои қисмҳои ҳаракаткунандаи автомобилӣ, шинокунандаи қаиқӣ ва парвозкунандаи фазоӣ истифода бурда шудаанд. Дар лоиҳа инчунин муҳаррики барқӣ ба винти гардишхӯрандаи шиноварӣ пайваст карда шудааст. Ин ихтироъ баланд бардоштани суръати гардиш ва самаранокии муҳаррик, паст кардани сатҳи садо, зиёд кардани фазои дохилӣ ва сода кардани сохтори чархболро таъмин менамояд», -иброз намуд Шамсиддин Соҳибназарзода.

Бояд иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои навоварон ва ихтироъкорони ҷавони ҷумҳурӣ давраи нави эҷодӣ ва давраи масъулиятнокро ба миён овард. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол дар ҷумҳурӣ сафи ихтироъкорону навоварон аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд зиёд мегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар баробари устодон ва олимони забардасти мамлакат ҷавонон низ дар корхонаю муассисаҳо, марказҳои илмию эҷодӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба фаъолияти ихтироъкорию навоварӣ машғул шуда, дар рушди соҳа саҳм мегузоранд.

Ҷавонон на танҳо ояндаи давлат, балки омили асосии рушди технология ва ҷомеа мебошанд. Бо масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нав онҳо метавонанд ояндаи равшану ободро барои Ватани худ бунёд намоянд. Ҳар ҷавон бояд кӯшиш намояд, ки бо омӯзиши донишҳои муосир ва истифодаи технологияҳои нав дар рушди мамлакат саҳм гузорад. Барои расидан ба ин ҳадаф онҳо бояд ҳамеша такмили ихтисос намуда, бо роҳҳои нав ва инноватсионӣ дар пешрафти ҷомеа саҳм гузоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Май 23, 2025 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Баланд бардоштани ватандӯстии ҷавонон амри зарурӣ ва тақозои замон мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ҳамаи иқдом, дастгирию ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири соҳиби илму дониши муосир гардидани ҷавонон аст»
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-РОҲНАМОИ ҶАВОНОН. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонон
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳукумати мамлакат барои фаъолияти ҷавонон тамоми иқдоми заруриро амалӣ менамояд»
СОЗАНДАГОНИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ҶОМЕА. Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон
Дар Душанбе вобаста ба таҳаввули ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар низоми ҳамкории С5+1 ҳамоиш баргузор шуд
ОГОҲӢ. 22-23 май дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон борони пуршиддат дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Санкт-Петербург Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ баргузор гардид
Дар Маркази стоматологии вилояти Хатлон ҷарроҳиҳои ҷоғу рӯй гузаронида мешаванд