35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода панҷ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад

Май 2, 2025 14:50

ТУРСУНЗОДА, 02.05.2025 /АМИТ«Ховар»/. Ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба созандагию бунёдкорӣ машғул шуда, иншооти гуногунро мавриди истифода қарор медиҳанд. Бунёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ аз ин ҷумла аст.

Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд,  бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и деҳаи Ортиқ Ҷумаев тибқи лоиҳа аз ду ошёна ва 22 синфхона  иборат буда, барои 864 хонанда  дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар айни замон саҳни бинои иловагии муассиса тахту ҳамвор гардида, корҳо дар самти бунёди таҳкурсии он идома доранд.

Ҳамчунин бинои муассисаи таълимии нав дар деҳаи Саттор Раҷабов аз ду ошёна иборат буда,  дорои 16 синфхона мебошад. Ҳоло устоҳои маҳаллӣ ва сокинони деҳа  қисми зиёди корҳоро ба анҷом расонида, боми онро мепӯшонанд.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ва соҳибкорони хайрхоҳу саховатпеша бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кӯшиш доранд, ки ҳарчи зудтар ин муассисаҳои таълимиро сохта, мавриди истифода қарор диҳанд.

Раиси Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода Низом Саидзода иброз дошт, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар ҷамоати деҳоти Навобод бунёди 41 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора 32 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда сохтмон идома дорад.  Аз 41 иншооти нақшавӣ 5 адад муассисаи таълимӣ буда, барои зиёда аз 3000 хонанда бунёд мегарданд.

Иншооти боқимонда муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, корхонаи истеҳсолӣ ва пулҳо буда, роҳҳои маҳаллӣ низ мумфарш карда мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Май 2, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд