35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт сохтмони муассисаҳои таълимӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ашт муассисаҳои томактабӣ ва иншооти соҳаи маориф бунёд мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар ноҳияи Ашт бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаҳои нави томактабӣ, таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.
Дар деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Шодоба 4 синфхонаи иловагӣ ва ҳуҷраи кории омӯзгорон дар 310 метри мураббаъ сохта мешавад. Синфхонаҳои нав барои 240 хонандаи синфҳои ибтидоӣ дар ду баст пешбинӣ шудаанд.
Инчунин сохтмони бинои шуъбаи маориф, маҷмааи варзишӣ, таъмиру навсозии бинои собиқ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 ва таъсиси кӯдакистон барои 240 кӯдак идома дорад.
Бунёди ин муассисаҳо дар доираи «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», ки ҳадаф аз татбиқи он фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад, ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи ин барнома заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд






