Ҷаҳонгарди тоҷик Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуқтаи баландтарини Антарктида парафшон намуд

Май 29, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳонгарди тоҷик Шарифбек Давлатов дар доираи эълон гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баъд аз сафарҳои зиёд ба кишварҳои мухталифи олам ин навбат ба қитъаи Антарктида сафар намуда, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуқтаи баландтарини Антарктида парафшон намуд.

Ба нақли ин гардишгар, барои расидан ба ин қитъаи дурдасти олам ӯ ба чанд давлати Амрикои Лотинӣ сафар карда, баъдан ба қитъаи Антарктида расидааст. Дар қитъаи Антарктида сайёҳи тоҷик чор шабонарӯз аз тариқи киштӣ саёҳат намудааст. Аз ҳама нуқтаи муҳими ин сафар он аст, ки ҷаҳонгарди тоҷик Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуқтаи баландтарини Антарктида парафшон намуд, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷкистонӣ аст.

Шарифбек Давлатов аз сафар намудан ба қитъаи сардтарини олам ва аз наздик шоҳиди талафоти пиряхҳои Антрактида шудан мехоҳад таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилии обшавии пиряхҳо ва ҳифзи онҳо, ки Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд, ҷалб намояд. Ин тасмими ӯ аз манфиат холӣ нест.

Бояд гуфт, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд барафрохта шудааст. Ин парчам қариб 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд. Ин ҳама ифтихор ва сари баланди мо аз Парчами давлатиамон мебошад. Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Тибқи манбаъҳои расмӣ, то имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст. Агар партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, ки ба андешаи коршиносон сабаби гармшавии глобалӣ гардидаанд, дар сатҳи кунунӣ боқӣ монанд, майдони яхбаста дар Антарктида то соли 2100 чоряк ҳисса коҳиш хоҳад ёфт. Масоҳати қабати яхбастаи Антарктида ҳоло тақрибан 12 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Он шуруъ аз соли 2016 коҳиш меёбад, ки ба гармшавии иқлим вобаста аст.

То имрӯз ҷаҳонгарди тоҷик Шарифбек Давлатов ба 106 давлати дунё сафар намуда, Парчами Тоҷикистонро дар ин кишварҳо парафшон намудааст. Ӯ саёҳатро мепазирад ва аз ҳар шаҳр ва кишвари сафаркардааш армуғоне гирифта, онҳоро дар ду ҷевони бузург гирдоварӣ намудааст. Ҳадафи асосии сафарҳои Шарифбек Давлатов тарғибу ташвиқ ва муаррифии таъриху фарҳанги ниёгонамон маҳсуб шуда, саъй дорад барои ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакати маҳбубамон бо мардумони кишварҳои зиёди ҷаҳон суҳбат намояд.


Ӯ дар доираи ин сафарҳо бо шахсони машҳур аз наздик шинос шудааст. Шарифбек Давлатов сафари саросарии оламро анҷом додааст. Тавре худи ӯ мегӯяд, «ҳар куҷое будам, дар даст Парчами Тоҷикистон, манзараҳои нотакрори мамлакат ва аксҳои Пешвои миллатро доштам, онро ба хориҷиён нишон дода, сарзамини аҷдодиамонро муаррифӣ мекардам».

Бояд гуфт, ки аз 29 то 31 май шаҳри Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

Май 29, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Имсол беш аз 30 ҳазор сайёҳон бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ шинос гардиданд
Дар нуҳ моҳ беш аз 1,5 миллион сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо намуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад