Ҳалли масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо сиёсати ҳадафманду мушаххасро тақозо менамояд

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мегардад.
Вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиби Баҳрулло чунин ибрози назар намуд:
-Тағйирёбии иқлим яке аз ҷанбаҳои муҳими мушкилоти глобалӣ буда, дар назди инсоният масъалаҳои наве гузоштааст, ки ҳалли оқилонаи онҳо аз талоши муштараки ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон вобастагии калон дорад. Яке аз пайомадҳои тағйирёбии глобалии иқлим обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳалли масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо сиёсати ҳадафманду мушаххас ва ба инобат гирифтани шароити хоси экологӣ ва мавқеи ҷуғрофии ҳар давлатро тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз тағйирёбии иқлим осеб дида, бо мушкилоти мухталифи экологӣ рӯ ба рӯ аст. Ҷумҳурии мо барои коҳиш додани пайомадҳои манфии тағйироти иқлим ташаббусҳо ва стратегияҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ менамояд.
Обшавии пиряхҳо яке аз мушкилоти экологӣ ба ҳисоб меравад, бахусус барои мамлакатҳое, ки рушду некуаҳволиашон аз оби пиряхҳо вобастаанд. Тоҷикистон, ки дар қаламрави худ пиряхҳои зиёд дорад, масоили обшавии босуръати пиряхҳоро хатари ҷиддӣ барои бақодории манбаъҳои обии худ дар дурнамои миёнаю дарозмуҳлат медонад. Тоҷикистон захираҳои обро, ки аз пиряхҳо сарчашма мегиранд, ҳамчун манбаи неруи барқи барқароршаванда мавриди истифода қарор медиҳад. Тақрибан 98 фоизи неруи барқи ҷумҳурӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, ки ин омил Тоҷикистонро дар соҳаи энергетикаи “сабз” пешсаф намудааст. Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ дорад.
Перомуни ин масъала Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд: «Тоҷикистон, дар ҳақиқат, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯйи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».
Соли 2024 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Конференсияи сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» оид ба масъалаи мубрами ҷаҳонӣ, яъне обшавии босуръати пиряхҳо чунин иброз намуда буданд: «Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба дигар масъалаи рӯзмарра, яъне мушкилоти пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намоям. Дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ки ба зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод вобаста мебошад, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало мушоҳида мегардад. Дар чанд даҳсолаи охир аз 14 ҳазор пиряхи ҷумҳурии мо, ки манбаи асосии ташаккул ёфтани то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, як ҳазор адади он пурра об шудааст».
Аз соли 1930 инҷониб пиряхҳо дар Тоҷикистон тақрибан 30 фоиз коҳиш ёфтаанд. Аз ҳудуди Тоҷикистон калонтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ–Ому, Сир, Зарафшон ҷорӣ мешаванд. Ҳавзаи дарёи Ому бузургтарин дар минтақа буда, аксари дарёю рӯдҳои хурди Тоҷикистон ба ин ҳавза тааллуқ доранд. Масоҳати ин ҳавза ба 227 ҳазор километри мураббаъ расида, сарҳади он дар шимол бо қаторкӯҳҳои Олою Туркистон, дар шарқ бо кӯҳҳои Сарикӯл ва дар ҷануб то кӯҳҳои Ҳиндукуш мерасад ва, агар ин раванд идома ёбад, метавонад дар 30-40 соли оянда бисёре аз пиряхҳои хурд аз байн раванд ва ба ҷараёни дарёҳои бузурге таъсир расонад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Ванҷях дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат давоми 70-80 соли охир пиряхи Ванҷях зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шуда истодааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо чунин ҷанбаҳоро фарогир аст:
Якум, ташаббусҳои байналмилалии он оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки дар саросари ҷаҳон вобаста ба шароити тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, аз обу иқлим ва обшавии бесобиқаи пиряхҳо пуштибонӣ менамояд. Дар доираи ин ташаббусҳо вобаста ба масъалаи обу иқлим барои татбиқи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли ҳифзи пиряхҳо 14 декабри соли 2022 Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро бо мазмуни зайл қабул кард: Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо. Соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Тоҷикистон идеяҳои ҳифзи пиряхҳоро дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла пешниҳоди эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро фаъолона таблиғ менамояд. 29-31 майи соли равон дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад.
Дуюм, қабули Қонун оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Тоҷикистон қонуне қабул намуд, ки асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об муайян менамояд. 3 январи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» имзо гузоштанд. Ин қонун дар ҳамоҳангӣ бо дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои фаъолияти сохторҳои давлатиро оид ба мониторинги пиряхҳо, омӯзиш ва аз ҷиҳати илми бунёдӣ пешниҳод намудани роҳҳои пешгирӣ намудани коҳиши пиряхҳо муайян менамояд. Инчунин қонун бевосита гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо ва оқилона истифода бурдани обҳоеро, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешаванд, ба таври мушаххас муайян менамояд. Дар моддаи 3-юми ин қонун сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дарҷ ёфтааст. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангию маърифатиро дар бар мегирад. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона карда шудааст.
Таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо яке аз воситаҳои асосии иқтисодии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, маблағгузории лоиҳаҳои нигоҳдории пиряхҳо мебошад. Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун яке аз афзалияти гузариш ба рушди устувор муайян карда шудааст. Таваҷҷуҳи махсуси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба лоиҳаҳои ҳифз ва мониторинги вазъи пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон равона карда мешавад.
Сеюм, таҳқиқот ва мониторинги илмӣ буда, Тоҷикистон фаъолона бо таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги ҳолати пиряхҳо машғул мебошад ва бо созмонҳо ва мамлакатҳои байналмилалӣ барои арзёбии тағйирот ва таҳияи стратегияҳои ҳифзи онҳо ҳамкорӣ менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» мавқеъ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва танзими истифодаи захираҳои обиро ба таври мушаххас ва саҳеҳ муайян намудааст. Инчунин қонун таҳқиқоти илмӣ-бунёдӣ ва ҳамзамон гузаронидани мониторинги пиряхҳоро низ ба таври мушаххас муайян намудааст. Ҳамзамон боби 3-юми қонун ба таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо бахшида шудааст, ки тибқи банди 1 ва 2-юми он таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмиии таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд. Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори давлатии вазорату муассисаҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ, шарикони рушди устувор ва дигар сохтору ташкилоти байналмилалӣ дар самтҳои зерин корҳоро ба анҷом мерасонанд: гузаронидани корҳои илмии бунёдӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо ва пӯшиши барф, муайян намудани изотопҳо дар озмоишгоҳ, омӯзиши изотопҳо дар пиряхҳо ва қабати барф, корҳои экспедитсионӣ бо шарикони хориҷӣ, мониторинг ва арзёбии баландии қабати барф ва ғайра.
Гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва илмӣ-амалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқанд ва таъсиси инфрасохтори илмию технологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои баланди криосфера, глятсиология ва гидрометеорология вазифаҳои асосии марказ мебошанд, ки татбиқи онҳо ба омӯзиши пиряхҳо ва манбаъҳои асосии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Чорум, Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037»-ро қабул намуд. Ҳадаф аз қабули стратегия гузаронидани ислоҳоти дастурӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ба роҳ мондани технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти иқтисоди «сабз» мебошад. Амалӣ намудани стратегия ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд. Дар ин раванд дар Тоҷикистон се самти имконияти ташаккули иқтисоди «сабз»-ро ҷудо кардан мумкин аст:
–самти иқтисодӣ, ки дар он бо мақсади пешбурди иқтисодиёти босамар ва камкарбон аввалан истифода аз чораҳои маъмурии маҳдудкунии ҳаҷми ихроҷҳо ба атмосфера ва дуюм аз воситаҳои иқтисодӣ, ки асоси онҳоро андозбандии «сабз», пардохтҳои экологӣ ва субсидияҳои «сабз» ташкил медиҳанд, дар назар аст. Сеюм, чораҳои ихтиёриро дар бар мегирад, ки ташкили махзани маълумоти дахлдор ва низоми идоракунии ба шарикии давлату бахши хусусӣ нигаронидаро тақозо менамояд;
–самти иҷтимоии иқтисоди «сабз» аз ҳисоби мусоидат ба сармоягузории «сабз» ба технологияҳо, сайёҳии экологӣ, маориф ва илм, афзоиши даромад ва шуғли аҳолӣ, ки кам намудани ихроҷи гази карбон ва ифлосшавии муҳити зистро таъмин менамояд ва баланд бардоштани самарабахшии энергия ва захираҳоро ташаккул хоҳад дод;
–самти экологии иқтисоди «сабз» тақозо менамояд, ки манбаъҳои маъданӣ (зеризаминӣ)-и энергияи тамомшаванда самаранок истифода шаванд, чунончи истифодаи бошиддати онҳо аз як тараф ба иқлим таъсири манфӣ расонад, аз тарафи дигар, боиси маҳдудияти заҳираҳои табиӣ барои наслҳои оянда мегардад.
Аз ин рӯ, асоси ин самти иқтисоди «сабз» ё ба таври дигар иқтисоди пасткарбониро он принсипҳои таъмини боэътимоди энергия ташкил медиҳанд, ки ба сарфаи энергия, самаранокии он ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия такя менамоянд.
Ҳукумати Тоҷикистон қонун, стратегия ва барномаҳои давлатиро дар самти обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди зеҳни сунъӣ таҳия ва қабул намудааст, ки инҳоянд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030», «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037», «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040», «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034» ва «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (2025-2030).
Хулоса, ҳалли тағйироти иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳо дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва вобаста ба таҳдидҳои глабалии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: «Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид менамояд».
Воқеан, дар симои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва поягузори иқдоми байналмилалӣ дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шуд ва ин боиси болоравии обрӯю эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст. Имрӯз ҳама гуна чораҷӯӣ ва ҷустуҷӯи ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо, ҳалли мушкилоти таъмини ҳамагон бо оби тоза ва ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба ин масъалаҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки ташаббусҳои муҳиме, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба обу иқлим ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардидаанд, Соли байналмилалии оби тоза – соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз