Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии TRENDS густариш меёбад

Май 31, 2025 14:03

ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ҷонишини Мудири иҷроияи Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии TRENDS-и Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулазиз Аҳмад Ашеҳӣ мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда ба роҳ мондани ҳамкории бисёрҷониба ва ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум ба мувофиқа омаданд.

Таъкид гардид, ки баъди ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии TRENDS  ҳамкорӣ дар самти илмҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ ва инноватсия тақвият дода мешавад. Дар доираи ин санад омода намудани мутахассисони баландсоҳа аз ҳисоби муҳаққиқони ҷавон, магистрантону докторантон ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои тарафайн афзалият дода мешавад.

Инчунин иброз гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ дар оянда мо метавонем олимони соҳаи тарафайнро барои чопи китобҳо, мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва пеш бурдани пажӯҳишҳои илмӣ ҷалб намоем.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 31, 2025 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид