Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои рушди иқтисод барои солҳои 2024-2029 зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо муовини директор оид ба стратегияи сиёсати иқтисодии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Либор Кркоска дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Фирдавс Толибзода аз ҳамкории бисёрсола бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ҳамчун шарики боэътимоду устувор изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки тавассути ҳамкории босамар имрӯз дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, бахусус низоми бонкӣ лоиҳаҳои зиёд амалӣ мешаванд. Татбиқи лоиҳаҳои муштарак имкон дод, ки пешравиҳои назаррас дар самти баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ, рушди бозори пул ва сармоя, такмили сиёсати пулию қарзӣ ва рушди бахши суғуртаи мамлакат ба даст оянд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот доир ба ҳамкорӣ бо мақсади таҳкими иқтидори назорати суғуртавӣ, таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, рақамикунонии хизматрасониҳои соҳаи суғурта, гузаронидани чорабиниҳо оид ба саводнокии аҳолӣ дар ин самт, инчунин принсипҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ, таҳлили хатарҳои иқлимӣ дар муассисаҳои молиявӣ ва рушди бозори маблағгузории «сабз» суҳбат намуданд.
Таъкид гардид, ки ислоҳоти институтсионалии низоми молиявии «сабз» барои бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ислоҳоти институтсионалиро оид ба ҷалби маблағгузории «сабз» ҳадаф қарор додааст.
Муовини директор оид ба стратегияи сиёсати иқтисодии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Либор Кркоска ва роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел ҷалби лоиҳаҳо ба рушди бахши хусусӣ, таҳкими устувории низоми молиявӣ, суръат бахшидан ба модернизатсияи иқтисодӣ, ташаккули иқтисодиёти «сабз», тақвияти идоракунии корпоративӣ ва рушди низоми молиявиро аз самтҳои муҳимми дурнамои ҳамкорӣ арзёбӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8500 то 10.9362 сомонӣ муқаррар шудааст
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст






