Ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар Шероз баррасӣ шуд

Май 6, 2025 16:21

ДУШАНБЕ, 06.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами марбут  ба ҳамкории гумрукӣ  байни Тоҷикистон ва Эрон дар  мулоқоти муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо муовини Раиси Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон Абулфазл Акбарпур дар шаҳри  Шероз баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Шероз баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории гумрукӣ, аз ҷумла такмили механизмҳои мубодилаи иттилооти гумрукӣ, мубориза бо қонуншиканиҳо ва қочоқ, содагардонии расмиёти гумрукӣ дар чаҳорчӯби густариши тиҷорати хориҷӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки барои таҳкими ҳамкории амалӣ, рушди мубодилаи иттилооти гумрукӣ ва ҳамоҳангсозии чораҳо дар амалиёти назорати гумрукӣ омодагии комил доранд.

Инчунин мусоҳибон зарурати таҳкими ҳамкории амалии гумрукиро таъкид карда, барои татбиқи иқдоми мушаххас ба манзури сода ва муассир гардонидани расмиёти гумрукӣ ва рушди тиҷорати хориҷӣ байни ду давлат   ба мувофиқа расиданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2025 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд