Ҳамкории олимони Тоҷикистон ва Қазоқистон густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Созишномаи ҳамкорӣ 16 май зимни вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ректори Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал — Форобӣ Жансейит Туймебаев ба имзо расид.
Дар доираи ин санад байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ҳамкорӣ рушду густариш меёбад.
Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ ва дар доираи ин ҳамкорӣ барои ҷалби магистрантон ва докторантони PhD- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои андӯхтани таҷриба дар самтҳои мухталиф дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






