Қариб 90 ҳазор ронандагон маблағи истифодаи роҳи Душанбе-Чанокро ғайринақдӣ пардохт менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ширкати «IRS» ҷиҳати вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аст, ки 89 599 нафар ронандагон маблағи истифодаи роҳи Душанбе – Чанокро ба таври ғайринақдӣ пардохт менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.
Танзимгар оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок-филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» фаъол буда, дар робита ба он корҳои зиёде амалӣ карда шудаанд.
Пардохти ғайринақдӣ барои ронандагон аз лиҳози молиявӣ фоидаовар аст, зеро нисбат ба пардохти нақдӣ ронанда камтар маблағ месупорад. Ройгон пешниҳод намудани RFID (чипе, ки дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бе таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст), кортҳои пардохтӣ ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс идомаи мантиқии корҳои дар робита ба ин масъала амалигардида маҳсуб мешаванд. Ин иқдом бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ, кам намудани хароҷоти истифодабарандагони роҳ, роҳ надодан ба нороҳатӣ ва асабонияти онҳо амалӣ шуда, паҳлуҳои мусбати дигар, аз ҷумла ҷанбаи экологӣ низ дорад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали ширкат дар муддати кӯтоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имкони пардохти маблағи гузариш аз плазаҳо ба тариқи ғайринақдӣ истифода намоянд. Барои онҳое, ки дар пештоқи оинаи автомобилашон RFID насб шудааст, имкон фароҳам меояд, ки дар плазаҳо умуман таваққуф накунанд.
Ба дорандаи василаи дигар — кортҳои пардохтии «IRS» кофӣ аст, ки кортро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад. Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, маблағи пешбинишуда гирифта, роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт кушода мешавад. Истифодаи чунин корт ва RFID дар баробари ин бартариҳо ҳамчунин замина фароҳам меорад, ки танбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ аз байн равад.
АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






