Арнолд Крейлхубер дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Директори минтақавӣ ва Намояндаи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) дар Аврупо Арнолд Крейлхубер дар Конфронси байналмилалии сатҳи бланд оид ба ҳифзти пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе баргузор мегардад иштирок ва сухан менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Арнолд Крейлхубер шахсияти маъруф дар рушди сиёсати устувор ва ҳуқуқи экологӣ мебошад.
Намояндаи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) дар Аврупо Арнолд Крейлхубер дар пешбурди ҳифзи муҳити зист, таҳкими ҳукмронии экологӣ ва дастгирии ҳамкории минтақавӣ барои ҳалли мушкилоти глобалии иқлимӣ нақши муассир ва фаъол мегузорад.
Интизор меравад, ки Арнолд Крейлхубер дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29–31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дар бораи аҳамияти ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкории минтақавӣ барои рушди устувор ибрози андеша намояд.
Бояд тазаккур дод, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби беш аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






