Ҷавонони Тоҷикистон — неруи бузург ва иқтидори беназир. Ба Рӯзи ҷавонон бахшида мешавад

Май 20, 2025 10:23

ДУШАНБЕ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 майи соли 1997  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд.  Аз ҳамон рӯз эътиборан дар мамлакат 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Бо назардошти саҳм ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва давлат дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷавонон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд. Чунин ибрози назар намуд равоншинос, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Файзиддин Раҷабалиев ба АМИТ «Ховар».

Ҷавонон- неруи фаъол ва созанда

            Дар замони соҳибистиқлолӣ  ҷавонон барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодӣ, ҳифзи фарҳанг ва таъмини амнияти миллӣ масъулияти бузурге бар дӯш доранд. Яке аз нақшҳои калидии ҷавонон дар таҳкими истиқлолият иштироки фаъолона дар рушди иқтисодиёти мамлакат мебошад.

Ҷавонони имрӯза бо азхуд кардани илму техникаи муосир, эҷодкорӣ ва навоварӣ метавонанд дар таъсиси корхонаҳои нав, рушди соҳибкорӣ, амалӣ намудани технологияҳои пешқадам ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт саҳми арзанда гузоранд. Ин фаъолият на танҳо ба афзоиши некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд, балки иқтисодиёти миллиро устувортар ва аз таъсири омилҳои беруна камтар вобаста мегардонад, ки ин яке аз шартҳои муҳими таҳкими истиқлолият мебошад.

Нақши ҷавонон дар ҳифз ва густариши фарҳанги миллӣ

Фарҳанг мероси гаронбаҳо ва ҳувияти миллии ҳар халқ аст. Ҷавонон бояд анъана ва арзишҳои миллиро омӯзанд, эҳтиром намоянд ва онҳоро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд. Иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ, эҷоди асарҳои санъат, омӯзиши забони модарӣ ва тарғиби он дар арсаи байналмилалӣ- ҳамагӣ дар таҳкими пояҳои маънавии истиқлолият нақши муҳим мебозанд. Ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳифзи фарҳанг- ин ҳифзи ҳувият ва пойдории миллат мебошад.

Ҷавонон дар таъмини амнияти миллӣ саҳми назаррас доранд

Таъмини амнияти миллӣ яке дигар аз самтҳои муҳиме аст, ки дар он ҷавонон метавонанд саҳми назаррас гузоранд. Ватандӯстӣ, омодагии ҳимояи марзу бум, сулҳу субот ва манфиатҳои миллии мамлакат аз ҷумлаи хислатҳое мебошанд, ки бояд дар қалби ҳар ҷавон ҷой дошта бошанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, иштирок дар корҳои ободонӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва экстремизм, тарғиби сулҳ ва ҳамзистии осоишта дар таҳкими амнияти миллӣ ва пойдории истиқлолият нақши муҳим мебозанд.

Иштироки ҷавонон дар равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ

Ҷавонон бояд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро ҳамчун шаҳрванд донанд, дар интихобот иштирок намоянд, фикри худро озодона баён кунанд ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа саҳм гузоранд. Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ нишондиҳандаи рушди ҷомеаи демократӣ ва кафолати пойдории истиқлолият аст.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва густариши технологияҳои иттилоотӣ ҷавонон бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир ба таври самаранок истифода баранд. Онҳо метавонанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои онлайнӣ ва дигар воситаҳои коммуникатсионӣ дар тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии дастовардҳои мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва мубориза бо иттилооти бардурӯғ саҳм гузоранд. Истифодаи бошуурона ва самараноки фазои иттилоотӣ яке аз шартҳои муҳими ҳифзи истиқлолияти иттилоотӣ мебошад.

Ҳукумати мамлакат низ дар навбати худ бояд беш аз пеш барои рушди ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, шуғл, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. Дастгирии иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, таъсиси марказҳои рушди касбӣ ва фароҳам овардани имконият барои татбиқи лоиҳаҳои ҷавонон ба тақвияти нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлолият мусоидат менамоянд. Пешвои миллат пайваста иброз менамоянд, ки «ҷавонон бояд ҳушёр бошанд, фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд ва Ватани азизи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ доранд».

Ҷавонони Тоҷикистон — неруи бузург ва иқтидори беназир  

Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлолияти миллӣ ҳамаҷониба ва муҳим аст. Иштироки фаъолона дар рушди иқтисодӣ, ҳифзи фарҳанг, таъмини амният, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир- ин ҳама дар таҳкими пояҳои истиқлолияти Тоҷикистон нақши ҳалкунанда мебозанд. Бо эътимод ба неруи ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди онҳо мо метавонем ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро сарбаландона таъмин намоем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 20, 2025 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ баррасӣ гардид
Вобаста ба баланд бардоштани тавонмандсозӣ барои самаранокии идораи давлатӣ ҳамоиш доир шуд
«ЗАНОН ДАР ИҚТИСОДИ «САБЗ» ВА РАҚАМӢ». Дар шаҳри Гулистон Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ доир шуд
Беш аз 80 ҳазор нафақагирони шаҳри Душанбе аз индексатсия баҳраманд шуданд
Озмуни ҷумҳуриявии нонпазии «Зеби дастархон» ҷамъбаст шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар омӯзиши бозори меҳнат сухан гуфт
Раиси Шурои уламои Тоҷикистон бо медали фахрии Анҷумани роҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ сарфароз гардонида шуд
Дар Суғд Форуми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани анҷир хавфи бемории дилро кам менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист 4 бинои маъмурӣ ба истифода дода мешавад
Истеъмоли хурмо узви босираро мустаҳкам намуда, пеш аз муҳлат пиршавии баданро пешгирӣ менамояд
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амният дар ҷаҳон пешсаф аст