Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ҳамоиши илмӣ-адабӣ доир гардид

Май 15, 2025 11:45

ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Боқӣ Раҳимзода на танҳо шоири тавоно, балки инсони комил, дӯстдори Ватан ва мардум низ буд. Ин нукта 14 май дар ҳамоиши илмӣ-адабӣ, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода  баргузор шуд, иброз гардид.

Ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки иштирокдорони ҳамоиш доир ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир сухан гуфтанд.

Зимнан иброз шуд, ки шеърҳои шоир Боқӣ Раҳимзода  лабрези муҳаббат ба Ватан, васфи дӯстӣ ва инсондӯстӣ буда, то имрӯз дар қалби мардум ҷой доранд. Маҷмуаи аввалини шоир соли 1945 бо номи «Ба фронт» чоп шудааст.

Баъдан китобҳояш «Иди Ғалаба» (1946), «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашма» (1957), достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (мунтахабот, 1966), «Илҳом» (1973), дуҷилдаи «Осор» (1975—1976), «Шохаи гул» (ба форсӣ, 1979), дуҷилдаи «Осор» (1982—1983) ва «Шеъру достонҳо» ва ғайра ба табъ расидаанд. Китоби «Саргузаштҳои Соқӣ» (1973) аз маҳорати баланди ҳаҷвнигории устод дарак медиҳад.

Боқӣ Раҳимзода дар байни мардум ҳамчун шоири суҳбаторо ва маҳфилоро эҳтироми хосса дошт.

Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода бо бисёр нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1967), соҳиби унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (1974) буда, бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ду ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 15, 2025 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд