Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ҳамоиши илмӣ-адабӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Боқӣ Раҳимзода на танҳо шоири тавоно, балки инсони комил, дӯстдори Ватан ва мардум низ буд. Ин нукта 14 май дар ҳамоиши илмӣ-адабӣ, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода баргузор шуд, иброз гардид.
Ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки иштирокдорони ҳамоиш доир ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир сухан гуфтанд.
Зимнан иброз шуд, ки шеърҳои шоир Боқӣ Раҳимзода лабрези муҳаббат ба Ватан, васфи дӯстӣ ва инсондӯстӣ буда, то имрӯз дар қалби мардум ҷой доранд. Маҷмуаи аввалини шоир соли 1945 бо номи «Ба фронт» чоп шудааст.
Баъдан китобҳояш «Иди Ғалаба» (1946), «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашма» (1957), достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (мунтахабот, 1966), «Илҳом» (1973), дуҷилдаи «Осор» (1975—1976), «Шохаи гул» (ба форсӣ, 1979), дуҷилдаи «Осор» (1982—1983) ва «Шеъру достонҳо» ва ғайра ба табъ расидаанд. Китоби «Саргузаштҳои Соқӣ» (1973) аз маҳорати баланди ҳаҷвнигории устод дарак медиҳад.
Боқӣ Раҳимзода дар байни мардум ҳамчун шоири суҳбаторо ва маҳфилоро эҳтироми хосса дошт.
Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода бо бисёр нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1967), соҳиби унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (1974) буда, бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ду ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






