Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Истаравшан маҷмуи майдончаҳои варзишӣ ифтитоҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол 22 май дар шаҳри Истаравшан маҷмуи майдончаҳои варзишии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Маҷмуи майдончаҳо аз майдони бозии волейбол барои синфҳои поёнӣ, майдони бозии волейбол барои синфҳои болоӣ, майдонча барои баргузории дарси омодагии дифои ҳарбӣ ва майдони замонавии футболи хурд бо сабзаи сунъӣ иборат буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии кумитаи падару модарон дар давоми як сол бунёд карда шуд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни суханронӣ ифтитоҳи маҷмуи майдончаҳои варзиширо дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон амали нек арзёбӣ карда, барои саҳмгузорӣ ба кумитаи падару модарон ва нафароне, ки иқдоми созандагиро дастгирӣ намуданд, миннатдорӣ баён кард.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






