Баҳодур Шерализода раиси Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон интихоб гардид

Май 21, 2025 14:51

ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар шаҳри Душанбе Маҷлиси умумии ғайринавбатии интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода раиси нави федератсия интихоб шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тавре Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, Баҳодур Шерализода бо ҷонибдории якдилонаи аъзои федератсия раиси Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон интихоб гардид.

Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ (FIE), ки соли 1913 таъсис ёфтааст, яке аз куҳантарин ташкилоти варзишии ҷаҳон ба шумор меравад. Қароргоҳи асосии он дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. FIE се навъи шамшербозӣ— рапира, шпага ва сабляро фаро гирифта, мусобиқаҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз ҷумла чемпионатҳои ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон ва Бозиҳои олимпиро ташкил менамояд.

Шамшербозӣ яке аз панҷ намуди варзиш аст, ки аз нахустин Бозиҳои олимпӣ дар Афина шуруъ аз соли 1896 то имрӯз ҳамеша дар барномаи олимпиадаҳо қарор дорад. Ҳоло ин федератсия беш аз 150 федератсияи миллиро муттаҳид менамояд.

Солҳои охир Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи миллии олимпӣ барои рушди ин навъи варзиш, бахусус дар байни ҷавонон кӯшишҳои зиёд анҷом додааст.

Варзишгарони тоҷик ҳоло дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои Осиё ва чемпионатҳои ҷаҳон барои ҷавонон иштирок намуда, ном ва Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд мебардоранд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2025 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд