Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи «Вахш» фестивали бошукуҳ гузаронида шуд

Май 22, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар бо ташаббуси Клуби футболи «Вахш» дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонони шаҳр  фестивали идона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Фестивал бо бозиҳои намоишӣ, машқҳои кушод, озмунҳои шавқовар ва баромади варзишии кӯдакон пурра гардид. Ҳамзамон ба кӯдакони иштирокчӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд, ки боиси хурсандии онҳо гардид.

Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шудани 25 май бо ибтикори Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯйдоди таърихӣ ва сарнавиштсоз барои ҷомеаи ҷаҳонии футбол маҳсуб мешавад.

Рӯзи ҷаҳонии футбол ба имконияти нав барои ҳамгироии бештар, ҷалби наврасону ҷавонон ба футбол ва таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии варзиш табдил хоҳад ёфт.

Ин гуна чорабиниҳои варзишӣ ба рушди футбол дар сатҳи маҳал ва ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти солим мусоидат менамоянд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 22, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад