Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи футболи хурд байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷамъбаст гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар даври ҷумҳуриявии мусобиқа 24 даста давоми 2 рӯз байни ҳам рақобат намуда, ғолибони 3 зинаи ифтихорӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян гардиданд.
Байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ Литсейи касбӣ- техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷойи якум, Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ваҳдат ҷойи дуюм ва Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ҷойи якум, Коллеҷи тибби ғайридавлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи дуюм, Коллеҷи тиббии ноҳияи Фархор, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ҷойи сеюм гардиданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон Диплом, «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии кумита тақдим гардид.
Зимни ҷамъбасти мусобиқа иброз гардид, ки имрӯз дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки дар самти варзиш ба муваффақияти назаррас ноил шавад.
Қабули пешниҳод оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Созмони Милали Муттаҳид бори дигар эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро аз иқдоми намунавии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва густариши ҳамкории байналмилалии варзишӣ нишон дод. Ин ташаббуси башардӯстона ҷомеаи ҷаҳонро ба олами футбол боз ҳам наздик намуда, дар рушду оммавигардонии футбол нақши беназир мегузорад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад






