Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиш баргузор гардид

Май 2, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) 1 май дар Боғи Ғалабаи ноҳияи Ёвон маросими кушодашавии моҳвораи ҷавонон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Раиси ноҳияи Ёвон иброз намуд, ки ҷавонон неруи бузург ва ояндасози миллат ба шумор мераванд. Аз ин рӯ татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлат мебошанд.

«Тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад. Дар ин замина ҷаҳони муосир насли ҷавонро водор менамояд, ки бо илму донишандӯзӣ, маърифату ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дигар зарфияти зеҳнию ҷисмонӣ дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз ҳувияти миллии хеш устувор бошанд. Зеро ояндаи халқу пойдории ҳар давлату миллат аз наслҳои ҷавон вобаста аст»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.

Ёдовар мешавем, ки 23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони Тоҷикистон мулоқот намуда, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»- ро ба имзо расонда буданд.

Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Май 2, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд