Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон дар ноҳияи Рашт барномаи бошукуҳи идона доир гардид

Май 31, 2025 13:42

РАШТ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон дар ноҳияи Рашт барномаи  бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода кӯдаконро бахти ҳар оила ва ояндаи миллат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки «таъмин намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва омӯзишу парвариши кӯдакон аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамзамон аз ҷониби давлат барои амалишавии орзую ормонҳои кӯдакон, бахусус кӯдакони ятиму бепарастор дилсӯзию меҳрубонии хосса зоҳир мегардад».

Дар барнома бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Дар ҳамоиши тантанавӣ  тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимӣ  бо иҷрои шеъру тарона, рақсу саҳначаҳои ҷолиб ва баромадҳои ҳунарӣ ба фазои идона шукуҳи бештар бахшиданд. Ҳозирин аз ҳунари кӯдакон ва тайёрии хуби онҳо истиқбол намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Май 31, 2025 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд