Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон Созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 май байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Созишнома дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода ва директори Китобхонаи миллии Озарбойҷон, профессор Керим Тахиров ба имзо расид.
Ҳамчунин дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи адабиёти Озарбойҷон ташкил гардида, вохӯрии директорони китобхонаҳо доир шуд.
Ҷумахон Файзализода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон яке аз аввалин давлатҳое аст, ки соли 1992 бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи имзои Созишнома аз ҷониби Озарбойҷон барои гӯшаи адабиёти Озарбойҷон ба Китобхонаи миллӣ китобҳо ба забони озарбойҷонӣ тақдим гардиданд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






