Байни Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ва коллеҷу марказҳои таълимии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ва коллеҷу марказҳои таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин: Коллеҷи техникии касбии Баодин, Коллеҷи касбии Ҷижун, Мактаби муҳандисии илм ва техникаи музофоти Ҳэбэй ва Маркази таълими касбии шаҳри Баодин ба тариқи маҷозӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ёддошти тафоҳум бо мақсади рушди босифати таълими касбии муосир ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълими касбӣ, мубодилаи таҷрибаю захираҳо байни муассисаҳои таълимӣ ва саноатӣ ба имзо расонида шуд
Ҷонибҳо иброз намуданд, ки дар якҷоягӣ стандартҳои барномаҳои таълимии соҳаи мехатроника, захираҳои таълимии онлайн ва омӯзгоронро таҳия менамоянд.
Ҷонибҳо инчунин барои ба мубодилаи кӯтоҳмуддати фарҳангӣ ба давлати якдигар фиристодани донишҷӯёни боистеъдод, ки муошират ва ҷаҳонбинии байналмилалии ҷавононро густариш медиҳанд, ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд






