Барои иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо барномаи фарҳангӣ доир карда мешавад

Май 28, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, соати 19:00 дар Майдони шаршараи назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Нидои лозур»  барномаи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ  намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ ташкил мегардад, ки дар он маҳсули дасти ҳунармандон, аз ҷумла гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаву тоқидӯзӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, маҳсулоти чӯбӣ, маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Дар ин намоиш ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳои ороишӣ-амалии ҳунармандони тоҷик — аз қолинбофӣ то заргарӣ пешниҳод мегарданд.

Барномаи фарҳангӣ, иборат аз суруду оҳанг ва рақсҳои тоҷикӣ  дар иҷрои ҳунармандони варзида пешниҳод карда мешавад.

Дар доираи  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор намудани ин намоиш ва барномаи фарҳангӣ муаррифии фарҳанг ва таърихи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Дар он 2500 намоянда аз 80 давлати хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштирок менамоянд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 28, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид