Барои сохтмони кампуси Донишкадаи байналмилалии Данғара лоиҳаи Бонки Исломии рушд амалӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои сохтмони кампуси Донишкадаи байналмилалии Данғара, рақамикунонии таҳсилот, баланд бардоштани сифати омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ аз ҷониби Бонки Исломии Рушд лоиҳа амалӣ карда мешавад.
Тавре аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 25 то 29 май ҳайати кории Бонки Исломии рушд (БИР) бо мақсади арзёбии лоиҳаи сармоягузорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қарор дошт.
Ҳадафи ташрифи ҳайат арзёбии лоиҳаи таҳиягардида дар самти рушди сайёҳии ҳушманд ва таҳсилоти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2021–2025» ворид гардида, расман ба Бонки Исломии рушд пешниҳод шудааст.
Ҳайати Бонки Исломии рушд пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои техникии лоиҳа ва мулоқот бо роҳбарияти донишгоҳ арзёбии мусбат пешниҳод намуд. Қарори ибтидоӣ дар мавриди маблағгузории лоиҳаи мазкур қабул гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?






