Барои сохтмони кампуси Донишкадаи байналмилалии Данғара лоиҳаи Бонки Исломии рушд амалӣ карда мешавад

Май 31, 2025 16:09

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои сохтмони кампуси Донишкадаи байналмилалии Данғара, рақамикунонии таҳсилот, баланд бардоштани сифати омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ аз ҷониби Бонки Исломии Рушд лоиҳа амалӣ карда мешавад.

Тавре аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 25 то 29 май ҳайати кории Бонки Исломии рушд (БИР) бо мақсади арзёбии лоиҳаи сармоягузорӣ дар  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қарор дошт.

Ҳадафи ташрифи ҳайат арзёбии лоиҳаи таҳиягардида дар самти рушди сайёҳии ҳушманд ва таҳсилоти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2021–2025» ворид гардида, расман ба Бонки Исломии рушд пешниҳод шудааст.

Ҳайати Бонки Исломии рушд пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои техникии лоиҳа ва мулоқот бо роҳбарияти донишгоҳ арзёбии мусбат пешниҳод намуд. Қарори ибтидоӣ дар мавриди маблағгузории лоиҳаи мазкур қабул гардид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Май 31, 2025 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд