Даҳаи дуюми моҳи май 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, даҳаи дуюми моҳи май ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ташкил карда мешавад. Бо ин мақсад як гурӯҳ кормандони Осорхонаи миллӣ барои ҷамъоварии нусхаҳои аксу ҳуҷҷатҳои нодири таърихие, ки инъикосгари ҳаёту фаъолияти илмию адабии шоир мебошанд, ба ноҳияи Рашт сафар намуданд. Онҳо дар Осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Рашт бо намунаи ашъор ва зиндагиномаи шоир шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 115-солагии шоир дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода 15 майи соли 1910 дар Сорбоғ, ки яке аз деҳаҳои зеботарини Рашт мебошад, таваллуд шудааст. Дар давраи кӯдакӣ бо амри такдир падари ӯ вафот менамояд. Баъди марги падар Боқӣ муддате дар хонаи амакҳояш — Миразизу Мирзораҳим умр ба сар бурда, бо ёрии онҳо дар мактаби кӯҳнаи деҳаашон cавод мегирад.
Боқӣ Раҳимзода, ки худ табиатан бачаи зирак буд, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ асосҳои саводи мактаби кӯҳнаро азхуд намуд. Вай аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ рағбати зиёд дошт, девони ғазалиёти Саъдию Ҳофизро пайваста меомӯхт. Баъди ташкили мактабҳои шӯроӣ ӯ аз ҷумлаи нахустин шогирдони болаёқати ин мактаб буд.
Боқӣ Раҳимзода аввал Техникуми педагогии шаҳри Самарқанд (1931), баъдтар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд (1938) ва ниҳоят Институти омӯзгории шаҳри Душанберо (1941) бо баҳои аъло хатм намуд. Шавқи шеър барвақт дар қалби ӯ ҷой гирифта буд. Аввалин шеърҳояш солҳои 30-юм дар саҳифаи рӯзнома ва маҷаллахо чоп шуданд. Аз соли 1948 мушовири ҷавонони эҷодкори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, дар ин ҷабҳа корҳои шоёне ба сомон расонидааст.
Шеърҳои аввалини Боқӣ Раҳимзода аз охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Ӯ дар баробари шоири ҳақиқӣ, инсони бузург ва тарбиятгари шоирони ҷавон низ буд. Аз соли 1948 то охири ҳаёташ вазифаи мушовири Иттифоки нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Боқӣ Раҳимзода 30 январи соли 1980 аз олам даргузашт.
Эҷодиёти шоир бою рангин буда, шеърҳои аввалинаш охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Соли 1945 маҷмуаи аввалинаш бо номи «Ба фронт» чоп шуд. Баъдан китобҳояш «Иди Ғалаба» (1946), «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашма» (1957), достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (мунтахабот, 1966), «Илҳом» (1973), дуҷилдаи «Осор» (1975—1976), «Шохаи гул» (ба форсӣ, 1979), дуҷилдаи «Осор» (1982—1983) ва «Шеъру достонҳо» (1983) ба табъ расидаанд. Драмаҳои «Қиссаи Таърифхӯҷаев» (ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ, 1953), «Дар сояи шипанг» (ҳамроҳи Муҳаммадҷон Рабиев, 1954), «Гаҳвораи тилло» (ҳамроҳи Саидсултон Саидмуродов, 1956) ва «Сияҳсувор» (1974)-аш дар театрҳои ҷумҳурӣ ба саҳна гузошта шудаанд.
Муаллифи либреттои «Духтаре аз Душанбе» (ҳамроҳи Шамсӣ Қиём) мебошад, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба саҳна гузоштааст. Китоби «Саргузаштҳои Соқӣ» (1973) аз маҳорати баланди ҳаҷвнигории ӯ дарак медиҳад.
Боқӣ Раҳимзода дар байни мардум ҳамчун шоири суҳбаторо ва маҳфилоро эҳтироми хосса дошт. Осораш лабрези идеяҳои олии ватандӯстию интернатсионалӣ, дӯстию равобити халқҳо, андешаҳои волои гуманистӣ буда, ашъори абёти гуногунаш ҳамеша вирди забони хурду калон буд. Ашъори ба забони русӣ тарҷумашудааш дар маҷмуаҳои «Мои песни» (1951), «Родник» (1957), «Зелёный лист» (Москва, 1963), «Путь солнечного луча» (1964), «Чудо» (1971), «С Крыши Мира» (Москва, 1973) ва ғ. чоп шудаанд. Осори алоҳидаи адибони рус ва дигар халқҳои шуравиро ба тоҷикӣ гардонидааст. Борҳо вакили халқ дар парлумон интихоб шудааст. Бо бисёр нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон






