Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
ДУШАНБЕ, 15.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 28 март дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон нахустин маротиба Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин ҳамоиши сатҳи баланд аз Тоҷикистон 38 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд. Инчунин аз ин шумора се нафарашон ба ҳайати довталабони байналмилалӣ шомил мегарданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар равияҳои академӣ, эстрада, созҳои миллӣ, овозхонӣ ва рассомӣ иштирок мекунанд.
Дар назар аст, ки дар доираи Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай конфронси байналмилалӣ таҳту унвони «Бозиҳои Делфи як василаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад» доир шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Тоҷикистон нахустин маротиба аз 15 то 17 октябри соли 2022 мизбони Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид. Дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






