Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъалаи механизмҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти аҳолӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 май зимни Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Механизмҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти аҳолӣ ва рушди сармояи иҷтимоӣ» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарёфти роҳҳои таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи сармояи инсонӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Конференсия бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов баргузор шуда, дар он намояндагони зиёда аз 20 муассисаи илмӣ ва таълимии Тоҷикистон, Русия, Беларус ва Узбекистон иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода аҳамият ва замонавӣ будани мавзуи конференсияро дар заминаи воқеияти иҷтимоии ҷомеаи муосири Тоҷикистон таъкид намуд.
Дар конференсия маърузаҳои муҳими олимони шинохтаи ватанӣ ва хориҷӣ шунида шуда, масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳувияти миллӣ, нақши воситаҳои ахбори омма, фарҳанг, маориф ва муҳоҷират дар шаклгирии сармояи иҷтимоӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ муҳокима гардиданд.
Иштирокдорони конференсия пешниҳод намуданд, ки ҳамкории илмии байниинститусионалӣ тақвият дода шуда, таҳқиқотҳои муштараки байниминтақавӣ дар мавзуъҳои ҳувият, сармояи иҷтимоӣ ва устувории ҷомеа гузаронида шаванд.
Кори конференсия дар бахшҳои соҳавӣ идома ёфта, зиёда аз 70 маърузаи илмӣ дар мавзуъҳои гуногун – аз таҳаввулоти ҳувияти миллӣ ва касбӣ то рушди маориф ва таҳкими арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод ва муҳокима гардиданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






