Дар қароргоҳи ЮНИСЕФ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинии байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар қароргоҳи ЮНИСЕФ дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳар бозӣ ба ҳар кӯдак» чорабинии идона баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ин ҳамоиш ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шуда, бо иштироки васеи намояндагони кишварҳои хориҷӣ, коршиносони байналмилалӣ, собиқадорон ва ситораҳои футбол баргузор шуд.
Ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди футбол, махсусан байни наврасон ва ҳамкории мутақобил бо сохторҳои байналмилалиро муаррифӣ намуд. Хуршед Мирзо ҳамчунин нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пуштибонии соҳаи футбол ва оммавигардонии он таъкид намуд.
Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби барномаҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили нахустин солгарди Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид. Ин иқдом бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон









ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






