Дар Бадахшон дар доираи татбиқи 12 лоиҳаи сармоягузорӣ 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ солҳои соҳибистиқлолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябри соли 2024 дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ иброз намуданд, «дар даврони соҳибистиқлолӣ илова ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ низ сол ба сол зиёд гардида, бо ин мақсад беш аз 330 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар натиҷа 980 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 200 пул таъмиру навсозӣ гардиданд».
Тавассути ин роҳҳо, ки аҳамияти транзити байналмилалӣ доранд, ҳоло боркашонӣ, хусусан бо Чин рӯз ба рӯз меафзояд. Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад. Илова бар ин, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи умумии 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






