Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд

Май 3, 2025 09:45

ДУШАНБЕ, 03.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти  унвони «Шоҳнома Ватан аст…» маҳфили  «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад, маҳфили адабӣ ба хотири ҷалби донишҷӯён ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тарғиби идеяҳои ватандӯстӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ доир гардид.

Иброз гардид, ки дар амри оммавигардонии маҳфили «Шоҳномахонӣ» бояд ҳар донишҷӯ ва ҳар фарди ҷомеа саҳм гузорад. Зеро ҳоло «Шоҳномахонӣ» дигар танҳо сабқат барои ба даст овардани ҷоизаҳо нест, балки ҳадафи он дар арсаи зиндагонии воқеӣ ба зуҳур расонидани корномаҳои бузурги ватандӯстона ва башардӯстона мебошад.

Маҳфилҳои шоҳномахонӣ дар шароити кунунӣ бояд насли наврасро ба муқовимат бо ифротгароӣ ва таҳдидҳои берунӣ омода намоянд, зеро «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ асарест, ки аз идеяҳои ватандӯстона, тарғиби ормонҳои ахлоқии инсонӣ саршор мебошад. Ин афкору андешаҳо паёми наҷоти инсоният аз ҳар амали номатлуб мебошанд.

Дар маҳфил донишҷӯён аз достонҳои «Шоҳнома» порчаҳои назмӣ қироат намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Май 3, 2025 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд