Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» баргузор шуд

Май 2, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 май дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва донишҳои назариявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар озмун, ки бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор шуд, 120 донишҷӯ аз 14 муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки дар онҳо ихтисоси андоз ва андозбандӣ таълим дода мешавад, иштирок намуданд.

Иштирокчиёни озмун аз рӯйи ду номинатсия: «Даставӣ-амалӣ» ва «Даставӣ-назариявӣ» рақобат намуданд. Озмун имрӯз ҷамъбаст шуда, ба ғолибон Ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида мешавад.

Зимни ифтитоҳи озмун иброз гардид, ки «баргузории озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва таваҷҷуҳ ба ин озмун сол то сол зиёд мегардад. Бо назардошти он, ки дар пешбурди сиёсати андозӣ мутахассисони варзида зарур ҳастанд, Донишгоҳ низ дар баробари дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар омодасозии мутахассисони соҳа саҳм мегузорад ва бештари кормандони мақомоти андозро хатмкунандагони он ташкил медиҳанд».

Таъкид карда шуд, ки «мақсади баргузории озмун тарғиби сиёсати андоз ва андозбандӣ ҳамчун поягузори давлат, дарки масъалаҳои андозбандӣ ва баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ мебошад.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Май 2, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд