Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон масъалаи истифодаи усулҳои нави таълими забонҳои хориҷӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар машғулият, озмуну олимпиадаҳо, истифодаи усулҳои нави таълими забонҳои хориҷӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва боло бурдани масъулияти касбии онҳо дар таъмини таҳсилоти босифат зимни шиносоии муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо ҷараёни таълиму тарбия дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз гардид, ки ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи шогирдон бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд.
Дар ин замина зарур аст, ки дар донишгоҳ даврҳои омӯзиши фанҳои технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ бо ҷалби устодони варзида доир ва гурӯҳҳои таълими таҳсилот дар донишгоҳ зиёд карда шаванд.
Ҳамчунин аз раванди татбиқи «Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ёдоварӣ гардид. Ба донишҷуён зарурати омӯзиши мунтазами забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъкид карда шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид






