Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни «Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад» баргузор шуд

Май 11, 2025 08:40

ДУШАНБЕ, 11.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарон даври якуми озмуни «Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Иштирокчиёни озмун аз қисматҳои достонҳои «Шоҳнома» порчаҳо қироат намуда, маънии онҳо ва тафсири вожаҳои дар достонҳо истифодашударо шарҳу тавзеҳ доданд.

Аз ҷониби ҳакамон бар ҳар иштирокчӣ суолҳо вобаста ба низомномаи озмун пешниҳод гардид, ки донишҷӯдухтарон аз уҳдаи иҷрои он баромаданд. Дар натиҷа донишҷӯи курси 1-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ Назрбиби Рӯзизода бо гирифтани холи баланд ғолиб омада, ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт.

Бояд гуфт, ки озмун бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор шуда,  аз ду давр иборат мебошад. Даври якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, даври дуюм дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ баргузор шуда, дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

Мақсади озмун аз баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва болаёқат, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ иборат мебошад.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Май 11, 2025 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд