Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Фестивали мӯд-2025 баргузор шуд

Май 12, 2025 11:18

ДУШАНБЕ, 12.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» Фестивали мӯд-2025 баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.

Аз ҷониби донишҷӯён коллексияҳои беҳтарини либосҳои занона ва мардонаи муаллифию гурӯҳӣ пешниҳод шуданд, ки дар ҳар яки он унсурҳои миллӣ бо нозукии хосса дарҷ гардида буд. Дар намунаҳои либосҳои офаридаи донишҷӯён матоъҳои рангоранги миллӣ бо услуби замонавӣ истифода ва аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуд.

Фестивали мӯд дар донишкада ҳамасола бо ташаббуси кафедраи тарҳрезии бадеии либос бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таблиғ ва татбиқи неруи эҷодии ҷавонон дар самти санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад. Ва он имтиҳонест, ки донишҷӯёни маҳсули эҷодии худро ба устодону меҳмонон ва ҳаводорони олами зебоӣ ва эҷод пешкаш менамоянд.

Иброз гардид, ки либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик буда, таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори миллат аст. Мояи ифтихор аст, ки яке аз либосҳои миллии тоҷиконаи мо- гулдӯзии чакан ба номинатсияи мероси фарҳангии созмони ЮНЕСКО ворид гардид. Чакан ва чакандӯзӣ ҳунари мардуми тоҷик буда, дар он фалсафаи либос ва ашёи дигари рӯзгор истифода мешавад. Дар пироҳанҳои чакан нақши нигори миллӣ, аз ҷумла офтобу косагул бештар гулдӯзӣ мешаванд, ки он аз таърихи куҳан доштани чакани тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Дар фарҷом иштирокчиёни фестивал аз ҷониби Раёсати донишкада барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди беҳтарин коллексияҳои эҷоднамудаашон бо Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Май 12, 2025 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст