Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуд

Май 20, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Адил Керимли доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Вохӯрӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор шуда, ҷонибҳо оид ба муносибатҳои ду давлат ва рушди ҳамкории фарҳангӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Инчунин дар вохӯрӣ ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки ҳунармандони ду мамлакат ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иброз карда шуд, ки дар доираи ҳамкории фарҳангии ду мамлакат то имрӯз табодули таҷрибаи донишмандон, устодон, донишҷӯён, амалинамоии барномаҳои фарҳангию мусиқӣ ва иштироки аҳли илму фарҳанг дар ин гуна барномаҳо доир гардидааст. Яке аз жанрҳои фарҳанги ду давлат, ки ба ҳам наздикӣ дорад, мусиқии классикии «Шашмақом»-тоҷикӣ ва «Мақом»-и озарӣ, инчунин ҳамнавоии «Фалак»-и тоҷикӣ ва «Ошиқ»-и озарӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки  фарҳанги халқҳои ду мамлакат аз рӯйи анъана ва тарзи зиндагӣ ба ҳам  наздикӣ дорад. 20-23 майи соли 2024 дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Озарбойҷон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуданд.


Сипас ҳайати Рӯзҳои фарҳанг бо мусаввараҳои таърихӣ, Осорхонаи китоб ва толори китобҳои тозанашр шинос шуд.

Имрӯз, соати 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи «Мероси миллӣ: дурдонаҳои ҷовидонаи санъати Озарбойҷон» манзури тамошобинон гардонида мешавад.

Имрӯз, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Инчунин аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии русии Озарбойҷон намоиши «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ пешниҳод шуда, «Шоми мусиқии ҷаз» доир мешавад.

Дар назар аст, ки 21 май ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар шаҳри Норак бо «Боғи анор» ва Неругоҳи барқи обии «Норак»,  Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз ва Маҷмаии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шинос шавад. Инчунин дар Кохи фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи консертии ансамбли созҳои миллии Озарбойҷон пешниҳод карда мешавад.

Дар ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи осори адабиёти Озарбойҷон ифтитоҳ мегардад. Инчунин дар назар аст, ки байни Китобхонаи миллии Озарбойҷон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 20, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид