Дар Душанбе байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ даври ниҳоии футболи хурд оғоз ёфт

Май 23, 2025 13:42

ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар шаҳри Душанбе  бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол даври ниҳоии футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва  миёнаи касбӣ»,  ки байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ эълон гардида буд, оғоз гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба даври ҷумҳуриявӣ  аз 100 даста 24 даста роҳ ёфт, ки байни ҳам рақобат менамоянд.

Зимни ифтитоҳи мусобиқа  муовини якуми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Баҳрулло Давлатзода иброз дошт, ки «футбол яке аз намудҳои машҳуртарини варзиш ба ҳисоб рафта, асоси пойдории дӯстӣ ва сулҳу субот дониста шуда, дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши муҳим мебозад. 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани 25 май чун Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд».

Бозии футбол то 24 май идома ёфта,  дар ҷамъбасти мусобиқа беҳтаринҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ, Сипоснома ва Ифтихорномаи кумита сарфароз гардонида мешаванд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2025 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд