Дар Душанбе бо намояндагони академияҳои илмҳои кишварҳои аъзои ИДМ мулоқот баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндагони академияҳои илмҳои кишварҳои аъзои Иттиҳод баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Зимни мулоқот Қобилҷон Хушвахтзода таъкид дошт, ки «форум хусусияти анъанавӣ пайдо намуда, давоми тақрибан ду даҳсола минбари доимӣ барои баррасии андешаҳои саривақтӣ ва қабули қарорҳое гардид, ки барои давлатҳои мо дар соҳаи ҳамкории башардӯстона бисёр муҳиманд. Воқеан ҳам рӯзи якуми форум, ки дар сатҳи хеле баланд баргузор шуд, механизми тавонои оғози мубоҳисаҳои муштараки мо мегардад».
Дар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имконоти нав ба вуҷуд омадаанд, ки ба донишҳои илмӣ, маориф ва фарҳанг бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Мамлакатҳои иттиҳод маҳз дар ҳамин соҳаҳо захираи асосии навсозӣ ва тараққиёти куллии иқтисодиёти миллиро фароҳам овардаанд
Омезиши бартариҳои рақобатие, ки ҳар давлат дорад, барои ҳама манфиатҳои назаррас хоҳанд овард. Аз ин рӯ, ҳамкории нав дар соҳаи гуманитарӣ метавонад яке аз лоиҳаҳои пешрафтаи Иттиҳод гардад, ки ба тамоми равандҳои ҳамгироӣ такони нав бахшида, моделҳои универсалӣ ва саривақтии ҳамкории моро пешниҳод менамояд.
Дар вохӯрӣ намояндагони академияҳои илмҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сухан намуда, барои густариши ҳамкории илмӣ дар самтҳои мухталиф пешниҳодҳояшонро иброз намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 14-15 май дар Душанбе Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.
Дар анҷоми форум иштирокчиён хулосаю пешниҳодҳои худро доир ба афзалият бахшидани соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон иброз дошта, барои густариши ҳамкории минбаъдаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалагузорӣ намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






