Дар Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Май 27, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар форум намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва вазорату идораҳои марбутаи мамлакат иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Форум бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи тағйирот дар криосфера дар шароити тағйирёбандаи иқлим, инчунин баланд бардоштани огоҳии минбаъда дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025) доир мегардад. Баргузории ин форум дар ҳифзи пиряхҳо, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт нақши муҳим мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чунин иброз доштанд: «Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад…Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд».

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 29-31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Он имконияти хуб барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Май 27, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид