Дар Душанбе оид ба Даҳсолаи амал дар самти илмҳои криосфера форум доир мегардад
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо то Даҳсолаи амал дар самти илмҳои криосфера» форум доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Форум дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) доир шуда, дар он коршиносон, намояндагони ватанӣ ва хориҷӣ иштирок менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар идомаи пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо якҷо бо Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ» (криосферӣ) пешниҳод манзур намуд, ки тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал 13 августи соли 2025 ҷонибдорӣ ёфт.
Форум намояндагони ҳукуматҳо, ҷомеаи илмӣ, маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро муттаҳид менамояд. Дар форум муҳокимаҳо ба се мавзуи асосӣ: таҳқиқоти илмӣ, таълим ва баланд бардоштани иқтидор; натиҷаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва устуворӣ; сиёсат, маъракаҳои иттилоотӣ ва маблағгузорӣ — фарогирии пурраи масъалаҳои марбут ба омӯзиш, мониторинг ва идоракунии криосфера нигаронида мешаванд.
Форум метавонад имконияти хуб барои муттаҳид кардани кӯшишҳо, табодули донишҳо ва дастгирии амал дар минтақаҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, ки конфронси мазкур дар инҷо баргузор мешавад, гардад.
Бояд гуфт, ки Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд, то дар ин сол ба пиряхҳо аҳаммияти махсус зоҳир гардад. Ҳамзамон зиндагии нафароне, ки аз он вобастагӣ дорад ва равандҳои криосферӣ ба онҳо таъсир мерасонанд, кафолати дастрасӣ ба хизматрасонии гидрологӣ, метеорологӣ ва иқлимиро пайдо кунад. Дар ин замина конфронс нақши муҳими минтақаҳои кӯҳиро ҳамчун манбаи асосии оби тоза ва экосистемаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






