Дар Душанбе омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ИДМ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 май муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Нурлан Сейтимов мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (4-5 июни соли 2025, ш.Душанбе)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон роҷеъ ба масоили рӯзномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи раёсати Тоҷикистон дар соли равон табодули афкор доир шуд.
Ёдовар мешавем, ки раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2025 ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Дар ин замина дар Тоҷикистон баргузории якчанд чорабинии сатҳи баланд дар доираи консепсия ва нақшаи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешбинӣ гардидааст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






