Дар Душанбе татбиқи «Стратегияи ҳамкории БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026» баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи роҳу нақлиёт дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо иқдоми Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд беш аз пеш тавсеа меёбад, ки ин ба ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои асосии иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд.
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба татбиқи «Стратегияи ҳамкории БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026» ва таҳияи лоиҳаи Стратегияи нави ҳамкорӣ барои солҳои минбаъдаро, ки аз ҷониби коршиносони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳамбастагӣ бо намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ таҳия мегардад, муҳокима намуданд.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ зимни мулоқот самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи роҳу нақлиётро бо назардошти ҳадафҳои стратегии мамлакат баён намуд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт ба бунёди инфрасохтори зарурӣ барои таъмини рушди долонҳои нақлиётӣ, истифодаи иқтидори транзитии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди нақлиёти барқӣ, таъмини рақамикунонии соҳа ва рушди низоми логистика авлавият дода шудааст.
Ҷонибҳо вобаста ба сармоягузорӣ ва ҳавасмандии Бонк барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои мошингарди «Обигарм-Нуробод» ва «Гулистон-Данғара», мусоидат дар татбиқи низоми рақамӣ дар соҳаи нақлиёти мамлакат, бунёди маркази логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳади давлатии «Фотеҳобод» ва ғайра изҳори назар намуданд.
Бо назардошти масъалаҳои муҳокимагардида ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо дастрас гардидани лоиҳаи Стратегияи нави ҳамкорӣ намояндагони вазорат якҷоя бо намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар такмили лоиҳа ва тақвияти ҳамкории минбаъда иштирок менамоянд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






