Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонон (23 май) ва Рӯзи ҷаҳонии футбол (25 май) бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд байни ҷавондухтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид.
Тавре аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқа бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон, бахусус духтарон ба тарзи ҳаёти солим ва таҳкими арзишҳои дӯстию ҳамбастагӣ гузаронида шуд.
Дар мусобиқа шаш даста иштирок намуд. Тибқи натиҷаҳои ниҳоӣ, ҷойи якум ба дастаи «Пешвои мо — Ифтихори мо», ҷойи дуюм ба дастаи «Ҷавонон — пайравони Пешво» дода шуда, дастаи «Ҷавонон — ояндасозони миллат» ғолиби ҷойи сеюм гардид.
Сиёсати давлати ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Он дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дорад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






