Дар Хуҷанд рушди соҳаҳои кишоварзиро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Семинари илмӣ — амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаҳои кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар қисми амалии семинар иштирокдорон аз қитъаҳои таҷрибавии навъҳои гандуми хориҷӣ дар филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Суғд, қитъаҳои парвариши навъҳои гандуми Нодир ва Давр дар Пойгоҳи “Сомғор”-и Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва аз бунёди боғи интенсивӣ дар Муассисаи давлатии Боғи ваҳдати миллӣ дидан намуданд.
Дар рафти семинари мазкур олимону мутахассисони Тоҷикистону Узбекистон дар мавзуъҳои “Технологияи муосири парвариши гандуми тирамоҳӣ дар шароити Тоҷикистон”, “Технологияи бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар шароити Тоҷикистон”, “Хусусиятҳои хоси парвариши сабзавотҳо дар шароити гармхонаҳои инноватсионӣ”, “Парандапарварӣ дар Тоҷикистон”, “Таъминоти илмӣ, рушди босамар ва коркарди маҳсулоти он”, “Парвариши чорво, хусусиятҳои хоси парвариш ва дурнамои рушди соҳа” ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.
Дар анҷоми семинар ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти илму истеҳсолот изҳори ҳавасмадӣ намуданд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






