Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо кадом санадҳо ба имзо мерасанд?
ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 май дар Душанбе баргузор мегардад, якчанд санадҳои муҳим имзо хоҳанд шуд. Дар ин хусус 20 май дар брифинг барои рӯзноманигорон, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, Эъломияи Душанбе дар бораи пиряхҳо, даъвати ҷаҳонии иштирокдорони конфронс барои ҳифзи пиряхҳо ва ҳалли мушкилоти бузурги марбут ба обшавии онҳо ва хулосаи ҳамраис – гузориши пурра дар бораи кори конфронс. Илова бар ин, Муроҷиат оид ба пиряхҳои Душанбе ҳамчун даъват ба амал – маҷмуи ташаббусҳо, шарикӣ ва уҳдадориҳо, аз ҷумла уҳдадориҳои нави молиявӣ ба Фонди боварии Соли байналмилалии пиряхҳо, ки дар ҷаласаҳои конфронс ва форумҳо эълон мегарданд, омода карда мешавад.
Нусхаҳои ниҳоии санадҳои натиҷавӣ дар саҳифаи интернетии конфронс ҷойгир кунонида шуда, ба таври васеъ паҳн карда мешаванд. Ин натиҷаҳо дар форумҳои дахлдор давоми соли 2025, аз ҷумла дар Форуми сиёсии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, Ҳафтаи иқлими Созмони Милали Муттаҳид ва COP30 пешниҳод карда мешаванд. Онҳо инчунин метавонанд дар равандҳои дигар, аз ҷумла Конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 саҳм гузоранд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар чаҳорчӯби Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт, баргузор мегардад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд






