Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо вобаста ба усулҳои муосир ва инноватсионии омӯзиши пиряхҳо машварати илмӣ доир шуд

Май 16, 2025 10:19

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 май бо ибтикори Маркази омӯзиши пиряхҳо ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҷалби донишҷӯёни факултетҳои геология, физика ва биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Усулҳои муосир ва инноватсионии омӯзиши пиряхҳо» машварати илмӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази омӯзиши пиряхҳо хабар доданд.

Дар машварат директори Маркази омӯзиши пиряхҳо Назриалло Шерализода дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзишу ҳифзи пиряхҳо ва аҳамияти онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва сарходими илмии шуъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти саҳроӣ Абдулҳамид Қаюмов дар бораи омӯзиши изотопии пиряхҳо маъруза намуданд.

Зимни ҳамоиш донишҷӯён бо фаъолияти озмоишгоҳҳои Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ки бо таҷҳизоти пешрафта муҷаҳҳаз шудаанд, шинос шуданд. Донишҷӯён оид ба  таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои химия, биология, радиатсия ва ядроӣ маълумот гирифтанд. Мутахассисони агентӣ аҳамияти омӯзиши илмҳои дақиқро дар амал ва дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ва технологӣ шарҳ доданд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади муаррифии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти илмҳои бунёдӣ чорабиниҳои амалӣ доир менамояд.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 16, 2025 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд