Дар Москва ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид

Май 21, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Намояндаи ваколатдори мамлакат дар Комиссия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд, дар ҷаласа ҷонибҳо беш аз 15 масъалаи рӯзномаи ҷаласаро, ки самтҳои мухталифи равобити бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳои мубрами тарафайн танзим менамоянд, баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон нисбат ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Май 21, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд