Дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» 80 фоизи сохтмон ба анҷом расидааст

Май 6, 2025 14:06

ДУШАНБЕ, 06.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло 80 фоизи корҳои сохтмонӣ  дар Неругоҳи барқи обии  «Себзор», воқеъ дар ноҳияи  Роштқалъаи Вилояти Мухтори  Куҳистони Бадахшон ба анҷом расонида шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуд. Масъулини Неругоҳи барқи обии «Себзор» итттилоъ доданд, ки  сохтмони иншоот босуръат идома дошта, тамоми имконоти мавҷуда барои дар муҳлати муқарраршуда- соли 2025 пурра ба истифода додани неругоҳ равона гардидаанд.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки бо назардошти аҳамияти стратегӣ ва иҷтимоии ин неругоҳ ҷараёни сохтмонро таҳти назорати доимӣ қарор дода, сифат ва муҳлати иҷрои корҳои техникиро ба таври  қатъӣ риоя намоянд.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 мегаватт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш иқтидори умумии энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 дарсад зиёд мешавад.

Ин иншоот на танҳо ба таъмини устувори неруи барқ барои аҳолии маҳаллӣ мусоидат менамояд, балки имконоти рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаро ба таври назаррас афзоиш медиҳад.  

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2025 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд