Дар ноҳияи Данғара дар 27 820 гектар зироат кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 141,7 фоиз зиёд аст

Май 17, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар бахшҳои ҷамъиятию деҳқонии ноҳияи Данғара дар 27 ҳазору 820 гектар зироат кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   141,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум пешқадам мебошад. Кишти гандум дар ноҳия 17 472 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамасола аз заминҳои ҳосилхези ноҳияи Данғара ҳазорҳо тонна гандум истеҳсол карда мешавад.

Гандум муҳимтарин захираи хӯрокворӣ дониста мешавад. Он растании патакреша ва хаспоя буда, донаи сафед, зардтоб, сурх ва бунафш дорад. Инчунин он ашёи муҳими саноати хӯрокворӣ аст. Дар таркиби гандум сафеда, ангиштоб, равған, равғани эфир, ферменту витаминҳо, намакҳои минералӣ ва ғайра мавҷуд ҳастанд.

Таҷрибаи зиёди заминдорӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳангоми  кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ рӯёнида ва фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ таъмин карда шавад.

Кишоварзони ботаҷрибаи ноҳияи Данғара ҳамасола аз ҳисоби кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзишманд мегузоранд.

Имсол кишоварзони ноҳия дар 5230 гектар пунбадона кишт намудаанд, ки майдони бештари киштро усули «зери плёнка» ташкил медиҳад. Ин таҷриба чанд соли охир аст, ки дар ноҳия амалӣ гардида, кишоварзон бо истифода аз ин усул ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Кишоварзони ноҳияи Данғара имсол дар 493 гектар картошка кишт намудаанд, ки дар айни замон ҷамъоварии он идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳашт моҳи соли 2024 маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки дар миқёси вилояти Хатлон баландтарин нишондиҳанда ба ҳисоб меравад. Соли 2024  кишоварзони ноҳия дар  26 886 гектар ғалладона, дар 1027 гектар картошка, дар 1617 гектар сабзавот, дар 1539 гектар полезӣ, дар 5018 гектар пахта ва дигар намуди зироат кишт намуданд. Заҳмати пайваста, риояи агротехникаи кишту парвариш ва дар истеҳсолот афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолиро таъмин намуд.

Кишоварзони ноҳияи Данғара дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, содироти маҳсулот ба дигар давлатҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми намоён мегузоранд. Аз ноҳияи Данғара ба дигар давлатҳо ҳазорҳо тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ содирот шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Май 17, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид